Раводиди амрикоии ҳамлагари эронӣ Маҳдӣ Туробӣ пас аз бозии аввали дастаи мунтахаби ӯ дар чемпионати ҷаҳон ба охир расид.
Эрониҳо рӯзи гузашта бо Зеландияи Нав 2:2 мусовӣ карданд ва акнун федератсияи футболи ин кишвар кӯшиш мекунад, ки фавран барои футболбоз раводиди нав гирад, зеро дастаи мунтахаби Эрон бояд дубора ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шавад ва дар он ҷо бо дастаҳои мунтахаби Белгия ва Миср бозӣ кунад. Аз ҷумла, онҳо рӯзи якшанбе, 21 июн дар Лос-Анҷелос бо белгиягиҳо бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати ҷаҳон то нуздаҳуми июл, вақте ки бозии ниҳоӣ баргузор мешавад, идома меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь