Дар шаҳри Левакант дар соҳаи маориф тағйироти кадрӣ ба амал омад. Раҳимзода Файзулло, мудири бахши маорифи шаҳри Левакант, аз вазифа озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Раҷабмат Аскаров иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши маорифи шаҳр таъин гардид.
Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ дод.
Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Раҳимзода Файзулло аз вазифаи худ бо хоҳиши шахсӣ барканор шудааст. Ба гуфтаи раиси шаҳр, мудири бахши маориф бо пешниҳоди аризаи худ барои озод шудан аз вазифа муроҷиат карда, баъдан фармони дахлдор ба тасвиб расидааст.
Тибқи маълумоти дастрас, иҷрои вазифаи роҳбарии бахши маорифи шаҳри Левакант минбаъд ба уҳдаи Раҷабмат Аскаров вогузор шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь