Раиси шаҳри Левакант ба хонаи Умеда Аюбова рафта, гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, барояш манзили истиқоматӣ месозанд.
Раиси шаҳри Левакант, Муминзода Мастура Табарӣ, пас аз қабули навбатии шаҳрвандон, тибқи муроҷиати сокини деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти “Гулистон” — Аюбова Умеда, шахсан ба манзили ӯ рафта, аз вазъи зиндагӣ ва ҳолу аҳволи оилааш шинос гардид.
Умеда Аюбова, ҳамроҳи шавҳар ва ду фарзанди маъюбаш дар хонаи гилин зиндагӣ мекунанд. Шароити зисти онҳо душвор буда, имконияти таъмири манзил ва беҳбудии зиндагиро надоранд. Бо дарназардошти чунин ҳолат, роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои марбута кӯшиш мекунанд, ки ба ин оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмак расонанд.
Зимни боздид, Раиси шаҳр бо ҳамроҳии роҳбарони сохторҳои дахлдор ба Аюбова Умеда ва аҳли оилааш маҷмӯаи маводи ғизоӣ ва кӯмаки моддӣ расонид.
Муминзода Мастура Табарӣ, зимни суҳбат бо сокини ниёзманд, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хотири дастгирии ин оила, бо ҷалби роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва шахсони саховатманд, хонаи истиқоматии нав бо тамоми шароити лозима барои онҳо сохта медиҳад.

Левакант: Мақомоти маҳаллӣ ба ниёзманд хонаи истиқоматӣ месозад
Блоки рекламавӣ


