Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти прокуратура ба 35 қарори раиси ноҳияи Кӯшониён эътироз овардааст. Дар ин бора раиси ноҳия Маҳмадшариф Холзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аксари қарорҳои мавриди эътироз бо сабаби мутобиқат надоштан ба талаботи қонун ислоҳ гардида, ба меъёрҳои амалкунанда мутобиқ карда шудаанд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки дар оянда барои пешгирии чунин ҳолатҳо ба таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад, то хатогиҳо дар қарорҳо роҳ наёбанд.
Қаблан прокурори вилояти Хатлон Зоирзода Икром зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти прокуратура барои бекор кардан ё ба талаботи қонун мутобиқ намудани 353 қарор ва амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод ирсол кардааст.
Ба гуфтаи прокурори вилоят, 270 қарор, ё 76 фоизи ҳамаи санадҳои мавриди эътироз, ба масъалаҳои вобаста ба замин дахл доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь