Дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як солу 6 моҳ 38 км роҳҳои харобгашта таъмири асосӣ гардид.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Самадзода Рауф, иттилоъ дод, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз аз ҳисоби соҳибкорон 10 км роҳ таъмири асосӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар таъмири ин роҳҳо зиёда аз 7 миллион сомонӣ масраф карда шудааст.
Ӯ гуфт, ки 10 км роҳ дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол 6,8, 2 км роҳ, дар ҷамоати деҳоти Ориён, як км роҳ дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъа таъсири асосӣ карда шуд.
Инчунин 2 км роҳ таъмири ҷорӣ карда шуда, ҳамзамон 50 км таъмири чуқурчаҳо гузаронида шудааст.
Номбурда афзуд, ки то охири сол дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 20 км роҳ таъмири асосӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь