Корпуси посдорони инқилоби исломӣ (КСИР) – и Эрон дар бораи зарбаҳои шадид ба иншооти низомии Амрико дар Шарқи Наздик хабар дод. Амалиёт посух ба ҳамлаи ИМА ба пойгоҳҳои соҳилӣ ва иншооти шаҳрвандӣ дар музофоти Ҳурмузгони Эрон ва Маҳшаҳр буд.

Ба маълумоти КСИР, 85 иншоот дар пойгоҳҳои асосии низомии ИМА дар минтақа зери зарбаи нерӯҳои эронӣ қарор гирифтанд. Ҳадафҳо дар бандари Салмон, минтақаи масъулияти флоти панҷуми Неруҳои баҳрии ИМА дар Баҳрайн ва инчунин дар пойгоҳи ҳавоии Ал-Салом дар Кувайт зарар диданд. Илова бар ин, дар минтақаи амалиет як ҳавопаймои бесарнишини иктишофии амрикоии mq-9 Reaper, ки кӯшиш мекард зарбаҳои Эронро боздорад, сарнагун карда шуд.
КСИР амалиёти артиши Амрикоро кӯшиши саркӯб кардани раҳпаймоиҳои мотамӣ ба хотири Раҳбари собиқи Эрон Алӣ Хоманаӣ номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь