Бо мақсади омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тибқи Иҷозатномаи №0007 аз 28 майи соли 2026-и Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» корҳои ковишҳои бостоншиносиро дар ёдгории бостонии Қаландартеппа, воқеъ дар деҳаи Мазори Шарифи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, оғоз намуд.
Ба ҳайси роҳбари корҳои ҳафриётӣ мудири шуъбаи бостоншиносии осорхона Раҷабзода Расул таъин гардида, ковишҳо бо иштироки мутахассисони соҳа ва ҷалби ҷавонони шавқманд ба омӯзиши таъриху бостоншиносӣ амалӣ мешаванд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои таҳқиқот барои равшан намудани саҳифаҳои нави таърихи минтақаи Панҷакент ва ғанӣ гардонидани фонди осорхона бо бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ мусоидат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь