Ба асари боронҳои пуршиддат ва омадани сел дар моҳи майи соли равон ба иншооти обёрии шаҳри Панҷакент, аз ҷумла канали Марғедар, ки тавассути он наздик ба 6 ҳазор гектар киштзор ва боғу токзор обёрӣ мешавад, хисороти ҷиддӣ ворид шуд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бартараф намудани оқибати офати табиӣ аз ин канал, иттилоъ дода шуд, ба асари сел 7 километри канал бо селобаҳо ва лою қум пур шуда, дар 42 метр соҳили он пурра рахна шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои барқарор намудани мавзеъҳои зиёндидаи канал техникаҳои махсуси идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, дигар корхонаю муассисаҳо, соҳибкоронро ҷалб намуд.
Бо кашонидани беш аз ҳазор мошин гилу хок соҳили рахнашудаи канал барқарор карда, маҷрои он бетонпӯш карда шуд ва ҳоло корҳои охирини барқарорсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ба роҳбарияти идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дода шуд, ки бо ҷалби техника ва ҳашарчиён дар кӯтоҳтарин фурсат маҷрои зиёндидаи канал аз селовардаҳо тоза карда, ба он об баста шавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз рафти соҳилбандии дарёи Зарафшон дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Халифа Ҳасан дидан намуда, барои андешидани чораҳои фаврӣ барои коҳиш додани зиёни обхезӣ ба майдонҳои кишт дар ин мавзеъ ва дигар минтақаҳои соҳилӣ дастур дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь