Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 9-уми июни соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шугнов, деҳаи Зелолак, дар корхонаи истеҳсоли тиллои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ганҷи Ваҳдат”, шаҳрванд Давлатзода М. ҳангоми риоя накардани техникаи бехатарӣ ва набаромадан аз ӯҳдаи рондани”мехлопата” дар обанбори ҶДММ-и зикршуда сарозер шуда ба ҳалокат мерасад.
Ҳангоми гирифтани хабари телефонӣ дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро аз об бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд.
Вобаста ба ҳолатҳои ғарқшавӣ Кумита бори дигар ба шаҳрвандон мерасонад, ки дар мавзеҳои обӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд!
Ориф Нозимиён,
Сардори Шуъбаи кор бо ҷомеаи КҲФ, полковник

КҲФ: Шаҳрванд аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шуд
Блоки рекламавӣ


