Дар нимаи аввали соли 2026-ум 83 кас дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳашт нафар камтар аст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи 16 июл хабар дода шуд.

Аксари ин ҳолатҳо дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи фавтидагон чунин будаааст:

9 кӯдаки то чорсола;

11 кас аз панҷ то даҳсола;

13 кас аз 11 то 16-сола;

23 кас аз 17 то 35-сола;

27 кас аз 35 боло.

Дар маҷмӯъ, кӯдакон ва наврасони то 17-сола 33 нафар, ё 39,8%-и шумораи умумии фавтидагон буданд. Дар байни ғарқшудагон 65 мард ва 18 зан будаанд.

Ддар нимаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 91 нафар ғарқ шуда буданнд, ки 45 нафарашон кӯдакону наврасон буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь