Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) дар маркази ноҳияи Ёвон гулгашти нави фарҳангию фароғатӣ бо ҷойгир намудани муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд.
Гулгашт дар кӯчаи Меҳвари Ҷамоати шаҳраки Ёвон дар 1500 метри мураббаъ сохта шуда, дар маркази он муҷассамаи бошукуҳи «Рамзи футбол» бо баландии 12 метр насб гардидааст.
Ҳудуди иншоот бо нишастгоҳҳои замонавӣ, чароғҳои равшанидиҳанда, дарахтони ороишию ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ оро ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ нишонаи мақому нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, саҳми мамлакатро дар рушди варзиш ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь