Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бунёду ба истифода додани 561 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз дар ноҳия 649 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, нақша 130,3 фоиз иҷро шудааст.

Дар ин бора раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои бунёд ва ба истифода додани иншооти мазкур дар маҷмӯъ 639 миллиону 750 ҳазору 111 сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Қайд гардид, ки танҳо дар соли 2026 дар ноҳия 94 иншооти гуногунтаъйинот бо маблағи умумии 22 миллиону 242,3 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 6 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 2 маркази савдо ва 85 иншооти дигари иҷтимоӣ ва ободонӣ ба истифода дода шудаанд.
Ба иттилои раиси ноҳия, иншооти бунёдшуда ба рушди инфрасохтори ноҳия, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Аз шумораи умумии 649 иншооти мавриди баҳрабардорӣ қарордошта, 2 иншооти истеҳсоливу саноатӣ, 23 иншооти соҳаи маориф, 39 иншооти таъмини оби нӯшокӣ, 2 муассисаи тандурустӣ, 2 иншооти варзишӣ, 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва як бинои маъмурӣ мебошанд.
Ҳамзамон, 561 иншооти дигар ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, ободонӣ ва беҳсозии инфрасохтори ноҳия рост меоянд.
Масъулин таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншоотҳо дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь