Пас аз ҳамлаҳои ИМА дар ҷануби Эрон се ҷасади аъзои як оила аз зери харобаҳои бинои истиқоматие пайдо шуданд, хабар медиҳад Агентии хабарии Mehr.

Гуфта мешавад, ки онҳо падар, модар ва як кӯдаки дусола мебошанд. Ду фарзанди оила қаблан наҷот дода шуда буданд, ки дар бемористон ҳастанд.

Дар давоми ҳамлаҳои шабона, ИМА ба хонаи шахсии як оилаи иборат аз панҷ нафар зарба задааст.

Эрон ба пойгоҳҳои ИМА дар Урдун ҳамла кард. Мақомоти Урдун гуфтанд, ки дифоъи ҳавоӣ панҷ мушакро боздошт кардааст. Дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии “Муваффақ Салтӣ”, маркази нерӯҳои ҳавоии ИМА, ҷойгир аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь