Нерӯҳои имдодрасони Лубнон гуфтанд ҷасади Амал Халил, хабарнигори лубнонӣ, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби ин кишвар кушта шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе, 22 апрел аз зери вайронаҳо берун бароварда шуд.
Дафтари расонаҳои Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон эълон кард, имдодгарон “муваффақ шуданд ҷасади Амал Халил, хабарнигори кушташударо, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар хонае дар шаҳри Ат-Тайри ҷон бохта буд, пайдо кунанд”.
Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор , ки ин хабарнигор барои он кор мекард, кушта шудани ӯро тасдиқ кардааст.
Вазорати иттилораъсони Лубнон низ бо тасдиқи хабари кушта шудани Амал Халил гуфт, ки ӯ дар ҳоли таҳияи гузориш аз минтақаҳои ҷанубӣ буд, ки “ҳадафи ҳамлаи артиши Исроил” қарор гирифт ва кушта шуд.
Онҳо ин ҳамларо нақзи қонунҳои байналмилалӣ донистанд.
Пештар мақомҳои лубнонӣ гуфта буданд, як гурӯҳи имдодрасон, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва нишони Салиби Сурх, дар ҳоли талош барои интиқоли ду хабарнигор аз маҳали ҳамлаи ҳавоии Исроил буданд, ҳадафи “оташи барқасдона”-и артиши Исроил қарор гирифтанд.
Артиши Исроил чун ҳамеша ҳадаф қарор додани рӯзноманигоронро рад карда, монеи ҷустуҷӯи гурӯҳҳои имдодӣ дар минтақа шудааст. Артиши Исроил дар вокуниш гуфтааст, ки “ин ҳодисаро баррасӣ мекунад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь