Суди шаҳри Исфара волидайни навраси 16-соларо барои нос бурдан ба мактаб бештар аз 100 доллар ҷарима кард.
Суд дар баёнияи расмӣ гуфтааст, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки аз ӯ Н.Т ном бурдаанд, “барои иҷро накардани масъулиятҳояш дар тарбияи фарзанди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд”.
Тибқи иттилои суд, фарзанди хонавода ва хонандаи синфи 9 моҳи декабри соли 2025 ба мактаби рақами 55 ноҳияи Исфара нос бурд, ки мухолифи қонун мебошад.
Дар асоси Қонун дар бораи тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон, падару модар бояд нагузоранд, ки фарзанди ноболиғашон ба тамоку, ё маводи мухаддир дастрасӣ пайдо кунад.
Волидайни наврас барои носкашии фарзандашон 1125 сомонӣ ($ 121) ҷарима супоридаанд.
Блоки рекламавӣ



