“Дар Қирғизистон 14 июн навбати аввали бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Осиеи Марказӣ “ROX Иссиқкӯл” ба истифода дода шуд. Дар маросими он президенти ҷумҳурӣ Садир Жапаров иштирок кард”, – хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.
ФЭС дар деҳаи Қизил-Оруки вилояти Иссиқкӯл аз ҷониби холдинги “ROX Group” аз Ветнам сохта шудааст. Қувваи баландтарини навбати аввал 175 МВт мебошад. Дар ҷараёни сохтмон беш аз 80 миллион доллар аз 131 миллион доллари ҷудошуда азхуд карда шудааст.
“Дар сохтмони марҳилаи аввали лоиҳа беш аз 250 шаҳрванди мо ҷалб карда шудаанд. Пас аз пурра ба кор даровардани истгоҳ, тақрибан барои 150 нафар ҷои кори доимӣ таъсис дода мешавад, ки қисми асосии онро мутахассисони маҳаллӣ ишғол мекунанд” – гуфт Жапаров.
Вай хабар дод, ки истгоҳ ба системаи ягонаи энергетикии Қирғизистон бомуваффақият пайваст шудааст ва аллакай 28,7 млн кВт*ч ба шабакаи энергетикӣ интиқол додааст.

Қирғизистон: Бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Осиёи Марказӣ
Блоки рекламавӣ


