Тафтишоти муштараки Додситонии ноҳияи Манҳэттен, NYPD ва Идораи бандар боиси боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони Ӯзбекистон гардид, ки ба шабакаҳои компютерии анборҳо ворид шуда, кормандонро бо истифода аз ҳисобнома-фактураҳои қалбакӣ фиреб дода, борҳоро дуздидаанд.
Тибқи тафтишот, ин гурӯҳ аз октябри соли 2025 то апрели соли 2026 ҳадди ақал 6 маротиба ба анборҳо ҳамла кардааст:
3,3 миллион доллар — сигорҳо, 432,000 доллар — панирҳои гаронбаҳо, 295,000 доллар — гӯшти гов, 165,000 доллар — гӯшти гӯсфанд, 266,000 доллар — симҳои мисӣ
Ҷамъ: 4,5 миллион доллар зарар.
Тибқи иттилои манбаъҳо, шахсони зерин ҳамчун гумонбарони асосӣ номбар шудаанд:
Муродулло “Мурод” Ҳасанов — раҳбари гурӯҳ, Алексей Воробёв, Нодир Қобилов, 5 гумонбари дигари, ки шахсияти онҳоро ҳанӯз тафтишот ошкор накардааст.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар хонаҳои гаронбаҳо дар ҷазираи Кони ва соҳили Брайтон дар Бруклин зиндагӣ карда, пулро дар клубҳо сарф кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, Мурод Ҳасанов ва шариконаш ба таври ғайриқонунӣ ба Иёлоти Муттаҳида ворид шуда, забони англисиро хуб намедонистанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь