Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028 Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ табодул карда шуд.
Ддар доираи ин санад рушди ҳамкории тиҷоратӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ, байторӣ ва соҳаи илм густариш меёбад. Ин санади ҳамкорӣ ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар бозорҳои ду мамлкат мусоидат менамояд. Инчунин ҷонибҳо дар доираи ин ҳуҷҷат ташкили боздиди мутахассисони кишоварзии Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаҳои парвариши зироати ғалладонагӣ, боғпарварӣ, сабзавоткорӣ ва хокшиносиро ба роҳ мемонанд.
Дар назар аст, ки бо мақсади рушди қутоспарварӣ ва беҳтар намудани зоти қутос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар масъалаи харидории қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ва мубодилаи маводи зотпарварӣ, беҳтар намудани зоти чорвои хурд ва калони самти ширӣ, гӯштию ширӣ ва гӯштӣ низ бештар гардад. Дар асоси ин санад мониторинги ҳолати эпизоотӣ дар ҳудуди ду давлат ва сари вақт огаҳ намудан аз ҳолати пайдоиши касалиҳо, инчунин фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои савдои чорво ва маҳсулоти чорводорӣ (эътирофи сертификатҳои байторӣ ва протоколҳои дахлдор) амалӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь