Шоҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, эълон кард, ки ИМА ва Эрон барои хотима додан ба низоъ ба созиш расиданд.
Ӯ гуфт, ки пас аз музокироти шадид, ҷонибҳо ба қатъи фаврӣ ва доимии амалиёти низомӣ дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон, розӣ шуданд. Интизор меравад, ки маросими расмии имзо 19-уми июн дар Швейтсария баргузор шавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп низ ин созишномаро тасдиқ кард.
“Созишномаи Эрон ба итмом расид. Ҳамаро табрик мегӯям! Ман бо ин кушодашавии бемамониати гулӯгоҳи Ҳурмуз ва лағви фаврии муҳосираи баҳрии Нерӯҳои баҳрии ИМА-ро тасдиқ мекунам. Киштиҳои ҷаҳон, муҳаррикҳои худро ба кор дароред. Бигзор нафт ҷорӣ шавад!”, – навиштааст ӯ дар Truth Social.
Блоки рекламавӣ



