Ду тан аз донишмандони маъруфи Эрон, дар як номае аз дастури Президенти Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо иртиқои омӯзиши хатти форсӣ истиқбол кардаанд. Ин номаро хабаргузории РОСК мунташир кардааст.

Донишмандони варзида, аз ҷумла, доктор Ғуломризо Закёнӣ, раиси донишкадаи адабиёти форсӣ ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи аллома Таботабоии Эрон ва доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ – устоди барҷастаи забону адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад бо интишори номае иқдоми Президенти Тоҷикистонро гоме муҳим дар посдорӣ аз мероси забонӣ ва фарҳангии муштараки форсизабонон тавсиф кардаанд. Донишмандони мазкур аз сиёсатҳои фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои охир, аз ҷумла, тарвиҷи шоҳномахонӣ, эҳдои ройгони китоби “Шоҳнома” ба ҳар хонаводаи тоҷик қадрдонӣ карда, ин иқдомҳоро нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлати Тоҷикистон ба ҳифзу эҳёи ҳувияти фарҳангӣ ва адабии кишвари мо донистаанд.
Донишмандони ҳамзабон, ҳамчунин омодагии худро барои ҳамкории илмӣ, омӯзишӣ бо устодону омӯзгорони Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши хатти форсӣ эълом кардаанд.
Номаи мазкур бо байте аз Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шудааст. Устодони забону адабиёти форсӣ, зимни ёдоварии мисраи машҳури Фирдавсӣ, “ДАРАХТИ НАВОЙИН ПУР АЗ БОРИ НАВ” изҳор умедворӣ кардаанд, ки густариши омӯзиши хатти форсӣ илова бар тақвияти ҳувияти фарҳангӣ ва таърихӣ, заминасози тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, донишгоҳӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва дигар ҷавомеъи форсизабони ҷаҳон шавад.
Нома бо ин таманно ба поён мерасад:АЗ ХУДОВАНДИ БУЗУРГ ПИРӮЗӢ ВА САРБАЛАНДИИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОНРО ХОСТОРЕМ”
Аз саҳифаи фесбукии Сайфуллоҳ Муллоҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь