Баъди се моҳи таваққуф парвозҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе аз сар гирифта шудаанд. Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” рӯзи 31 май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.
Парвозҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврали имсол қатъ шуда буд. Бо эълони оташбас дар моҳи апрел парвозҳо дар ин масир барқарор нашуда буд.
Дар хатсайри Теҳрон-Душанбе ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр” ҳам то охири феврал парвоз мекарданд. Ин ширкат дар бораи барқарории парвозҳо ҳанӯз хабар надодааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь