Дар ноҳияи Хуросон корхонаи коркарди орд, ки солҳои зиёд аз фаъолият бозмондааст, бо пайдо шудани имконият дубора ба кор андохта мешавад. Дар ин бора раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, корхонаи мазкур аз ҷониби як соҳибкор харидорӣ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ бо соҳибкор дар тамос шуда, ӯро барои барқарор намудани фаъолияти корхона даъват кардаанд.
Суризода Носир гуфт, ки соҳибкор дар суҳбати телефонӣ изҳор доштааст, ки бо пайдо шудани имконият фаъолияти корхонаро аз нав ба роҳ монда, барои сокинони ноҳия ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар ҳудуди корхона чанд коргоҳи хурди дигар низ таъсис дода шавад.
Раиси ноҳия таъкид кардааст, ки роҳандозии фаъолияти корхона метавонад барои рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Хуросон мусоидат намояд.
Бо вуҷуди ин, муҳлати дақиқи ба фаъолият оғоз намудани корхона ҳанӯз маълум нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь