Дар Осоишгоҳ барои ятимону маъюбони ноҳияи Ховалинг 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин иншооти иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид.
Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 20 июни соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад.
Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғати ятимону маъюбон мусоидат менамояд. Инчунин дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст.
Дар Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь