Дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 хобгоҳ сохта, ба истифода дода шуд.
Хобгоҳи мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорони маҳалии деҳаи Сиёҳфарк сохта шуда, дар он барои 21 омӯзгор шароити хуби истиқомат фароҳам оварда шудааст.
Бинои хобгоҳ, ки аз ду ошёна иборат аст, бо маблағи 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Он аз 7 утоқи хоби 3 нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь