Ширкати хориҷии Allied Biofuels дар ноҳияи Тупраккали вилояти Хоразми Ӯзбекистон корхонаи истеҳсоли сӯзишвории экологии тозаи авиатсиониро бо арзиши 5,9 миллиард доллар бунёд хоҳад кард. “Иншоот аввалин корхонаи пурраи коркарди биологии Осиеи Марказӣ хоҳад буд”, – хабар додааст “Газете.uz”.
Созишнома дар бораи татбиқи лоиҳа аз ҷониби роҳбари корхона Алфред Бенедикт ва ҳокими вилояти Хоразм Ҷӯрабек Раҳимов дар доираи форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хива имзо шудааст. Аз ҷумла, тибқи ин шартнома, мақомоти минтақа барои бунёди корхона замин ҷудо карданд ва ваъда доданд, ки иншооти саноатиро бо об таъмин мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь