Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти андози вилояти Хатлон корҳои назоратӣ ва чораҳои маҷбурии ситонидани қарзҳои андозро тақвият дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 134,5 миллион сомонӣ ворид намуданд. Ҳамзамон, бақияи умумии қарзи андоз нисбат ба аввали сол 2,3 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Каримзода Зокир зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳолати 1 июли соли 2026 бақияи умумии қарзи андоз дар вилоят 294,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади иҷрои талаботи бобҳои 17 ва 18 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам намудани ҳаҷми қарзҳои андозӣ ҳамарӯза тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин давра нисбати 3137 нафар андозсупорандаи қарздор 4521 қарор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи умумии 128 миллион сомонӣ қабул гардидааст. Дар натиҷа аз ҳисоби онҳо 103,8 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуда, 81,1 фоизи маблағи қарорҳои қабулшударо ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, иҷрои пурраи 3303 қарор таъмин гардида, ин нишондиҳанда 73,1 фоизи шумораи умумии қарорҳои қабулшударо дар бар мегирад.
Аз ҳисоби 901 қарори иҷронашудаи солҳои қаблӣ низ дар ин давра 32,7 миллион сомонӣ қарзи андоз ситонида шуда, иҷрои пурраи 347 қарор таъмин гардид.
Ба иттилои Раёсати андози вилояти Хатлон, айни замон бақияи маблағи қарорҳои иҷронашуда 61,3 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҷиҳати рӯёнидани пурраи он корҳои назоратӣ ва чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ пайваста идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь