Шаби санаи 10 ба 11-и апрели соли 2026 ба асари боришот ва лағжиши замин дар деҳаи Нофини деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент хонаи сокини деҳа Ҷӯрақул Холиқов фурӯ рафта,бародарзодааш Комилҷон Холиқови 14 сола зери бому девор монда, ҷон бохт ва писараш Холиқов Шукрулло ҷароҳати сабук бардошт.
Баробари расидани ин хабар бо супориши раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода кормандони шуъбаи раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Дирӯз раиси шаҳр аз деҳаи Нофин дидан намуда, ба аҳли оилаи навраси фавтида изҳори ҳамдардӣ намуд ва ба оилаи зиёндида кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида шуд.
Дар сӯҳбат бо сокинони деҳа изҳор шуд, ки дар чунин ҳолатҳо бо дастури роҳбарияти олии кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар паҳлӯи онҳо қарор мегирад ва барои бартараф намудани оқибати ҳодисаи нохуши табиӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Ин масъали имрӯз дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баррасӣ шуда, ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ барои ҷудо намудани замин ба сокинони ин деҳа, ки дар минтақаи хавфноки экологӣ зиндагӣ мекунанд, супориш дода шуд.
Ба комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқуллода, ҷамоатҳои деҳот ва дигар сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки дар мавсими боришоти баҳорӣ бо сокинони деҳаҳои мавзеъҳои кӯҳӣ, ки дар онҳо эҳтимоли ҳодисаҳои табиӣ бештар аст, робитаи пайваста ба роҳ монда, барои аз чунин ҳодисаҳо эмин доштани аҳолӣ, ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Холиқзода дар Нофин
Блоки рекламавӣ


