Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар шаҳри Душанбе 13 ҳазору 656 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, 67 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфтааст.
Гуфта шуд, ки дар айни замон шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба 110 ҳазору 463 нафар расид. Онҳо дар ҳайати 1170 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамоянд.
Иброз гардид, ки дар доираи иқдоми «400 рӯзи ташаббускорӣ– иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ» корҳои ободонию созандагӣ анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, беш аз 13 ҳазору 890 ниҳол ва 28 ҳазору 685 гули мавсимӣ шинонида шуда, 1254 ҳашару шанбегӣ баргузор гардид. Ҳамчунин зиёда аз 26,5 километр роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт таъмиру тармим, сангфарш ва мумфарш карда шуданд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтори пойтахт, таҳкими маърифати оиладорӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар анҷоми ҷаласа як гурӯҳ фаъолони ҳизб барои саҳми назаррас дар татбиқи иқдоми «400 рӯзи ташаббускорӣ — иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ» бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.



