Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 95 ҳазору 192 дона қандаки кӯдаконаи истеҳсоли Хитой ва 260 адад бозичаҳои кӯдакона, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ набуданд, аз муомилот гирифта шуда, барои несту нобудсозӣ супорида шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Раёсати Тоҷикстандарти вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ин тадбирҳо дар доираи корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон амалӣ гардида, дар натиҷа 50 дархост барои несту нобуд кардани маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта қабул гардид.
Дар маҷмӯъ зиёда аз 41 ҳазор килограмм маҳсулоти гуногун, аз ҷумла нӯшокиҳои ташнашикан, намаки ошӣ, маҳсулоти макаронӣ, шири хушк, шарбатҳои мевагӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, чипс, консерваҳо ва дигар молҳои истеъмолӣ аз гардиш хориҷ карда шуданд.
Ҳамчунин, мутахассисони Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак дар ин давра 61 санҷиш гузаронида, 6 ҳазору 586 воситаи ченакро аз назар гузарониданд. Аз ин шумора 715 адад воситаи ченак корношоям ё таъмирталаб муайян гардида, нисбат ба онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Масъулон таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳо бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ мунтазам идома хоҳанд ёфт.



