Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳанӯз ба 197 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 324 табиби соҳибихтисос эҳтиёҷ доранд.
Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мусозода Иброҳим зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар муассисаҳои тандурустии вилоят 296 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 220 адад коршоям, 26 адад таъмирталаб ва 50 адад пурра корношоям мебошанд.
«Бо дарназардошти талаботи мавҷуда, муассисаҳои тиббии вилоят ба 197 мошини дигари ёрии таъҷилӣ ниёз доранд», — гуфт Мусозода Иброҳим.
Ҳамчунин, масъалаи норасоии кадрҳои тиббӣ яке аз мушкилоти муҳими соҳа боқӣ мемонад. Айни замон муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба 324 табиб эҳтиёҷ доранд. Норасоии бештар дар самтҳои эпидемиология, бемориҳои рӯҳӣ, бемориҳои кӯдакона ва тибби оилавӣ мушоҳида мешавад.
Мусозода Иброҳим иброз дошт, ки баъди хатми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара, Донишгоҳи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои тиббӣ интизор меравад, ки мушкили норасоии кадрҳо ҳал хоҳад шуд.



