Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ба ноҳияи Вахш сафари кори анҷом дода, аз рафти корхои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия дидан карда, пахтакорони ноҳияро, ки нақшаи ҷамъоварии онро иҷро карданд, қадрдонии кард.
Аз МИҲД-И вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки рӯзи 14 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Б. Шовалии ноҳияи Вахш бо рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия шинос шуд.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Насими Вахш ОСК» боздид намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони ноҳияи Вахш дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 19 ҳазору 802 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз шаш шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара ва Вахш пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь