Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 то инҷониб 6981 ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин бора зимни маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2026 иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расида, 110 фоиз афзоишро таъмин кард. Дар ин замина 26 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, 273 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Гуфта шуд, ки дар вилоят 46 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард доллар маблағ ҷалб шудааст.
Дар семоҳаи аввал 6870 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, музди миёнаи меҳнат ба 2693 сомонӣ расид. Пардохти нафақа ба 306 ҳазор нафар пурра таъмин шуд.
Қайд гардид, ки дар вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, дар се моҳи аввал зиёда аз 344 ҳазор сайёҳ ба вилоят ташриф овардаанд. Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, шумораи медалҳо афзоиш ёфт.

Хатлон: 6981 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд
Блоки рекламавӣ


