Кормандони Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ як зани 62 сола, сокини кучаи Балҷувони ноҳияи Вахшро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд. Ин нафар Қарахонова Назокат Абдуқаҳоровна мебошад.
Муайян карда шуд, ки номбурда, ба гарму сард намудани муносибатҳои байни зану мард, бахткушоӣ, кушоши кор ва дигар шакли хизматрасониҳои дурӯғин машғул будааст.
Карахонова Н.А. огоҳ аз он ки дар Тоҷикистон машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ғайриқонунӣ асту барои чунин кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва тибқи қонунгузории нав, ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, усули нави хизматрасониро пешаи худ карда, тариқи шабакаи иҷтимоии ватсап, бо даъват ба манзили истиқоматӣ ва мағозаву коргоҳи шаҳрвандон рафта, амалҳои фолбинӣ, кушоиш дар касбу кор ва тиҷорат, гарм намудани муносибати оилавӣ ва дигар амалҳои фолбиниро иҷро карда, бар ивази хизматҳояш аз шаҳрвандон маблағҳоии пулӣ аз 50 то 500 сомонӣ талаб карда мегирифтааст.
Барои машғул шудан ба кирдорҳои мардумфиребна нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Қарори Суд ба маблағи 6240 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Фолбинӣ бо Ватсап
Блоки рекламавӣ


