Коргоҳи “Тоҷикфилм” аз анҷоми наворбардории бахши тоҷикистонии филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Русия – “Шабаҳе дар зулмот” хабар дод.
Ин лоиҳаи синамоӣ маҳсули ҳамкории синамогарони ду кишвар буда, идомаи наворбардорӣ ва дигар корҳои истеҳсолии он дар шаҳри Маскави Русия пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора Абдураҳмон Раҳмонов, сухангӯи “Тоҷикфилм” хабар дода, гуфтааст, ки наворбардории бахши тоҷикистонии филм бо иштироки ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Душанбе ва Истиқлол, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои кишвар сурат гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, Коргардонии ин асари синамоиро Румӣ Шоазимов бар уҳда дошта, таҳиякунандагони он Алексей Мясников ва Ситора Алиева мебошанд.
Раҳмонов изҳор доштааст, ки қаҳрамони марказии филм дар гирдоби рӯйдодҳои пурасрор ва печидае қарор мегирад, ки дар он ҳар як қаҳрамон шахсияти воқеии худро пинҳон медорад.
Интизор меравад, ки филми “Шабаҳе дар зулмот” соли 2027 ба намоиш гузошта шавад. Ин филм “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ширкати русии “Спектр” таҳия мешавад.
Абдураҳмон Раҳмонов

Филми “Шабаҳе дар зулмот” ба охир расид
Блоки рекламавӣ


