Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ як ҳолати ташкили фасодхона ошкор карда шуд.
Шаҳрванд Амирова Дилрабо, соли таваллудаш 1988, дар кӯчаи Н.Қарабоев манзили истиқоматиро ба иҷора гирифта, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам овардааст.
Ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ, истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор — шаҳрвандон Ниёзов Фирдавс, Одинаев Сайдалӣ инчунин ноболиғон Каримова Хайриниссо ва Аҳмадиева Сабрина низ дастгир карда шуданд.
Зимни кофтуков аз номбурдагон миқдори хурди воситаҳои нашъадори навъҳои «Метамфетамин» ва «Ҳашиш», инчунин таҷҳизоти барои истеъмоли воситаҳои нашъадор истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки нисбати соҳибмулки манзили истиқоматӣ низ, барои ба нашъамандон вогузор намудани манзил чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Бори дигар аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки аз иҷора додани манзили зист ба афроди шубҳанок қатъиян худдорӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь