Кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Ин нафар:

Қурбонов Мавлон Ҷуматурдиевич мебошад, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Муайян карда шуд, ки номбурда, тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии шаҳрвандон  4- сар чорвоҳои калону хурди  шохдорро дуздида, аз ҷои ғайб мезанад, ки бо ин кирдори ҷинояткоронааш ба ҷабрдидагон тахминан ба маблағи 45000 (чилу панҷ ҳазор) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида аст.

Дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ нисбати дастгиршуда Курбонов Мавлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь