Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав банд мондаанд ва ба гуфтаи худашон, се рӯз боз наметавонанд ба шаҳри Кӯлоб парвоз кунанд.
Муҳоҷирон тахминан 300 нафар дар фурудгоҳ ҳастанд.
Ин мусофирон бояд 14-уми июн бо ҳавопаймои ширкати русии “Урал” аз Маскав ба Кӯлоб меомаданд. Аммо ба гуфтаи мусофирон, парвози онҳо бидуни шарҳ ба таъхир афтод ва барояшон шароити лозима фароҳам оварда нашуд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар миёни онҳо занон ва кӯдакон ҳам ҳастанд.
Онлайн-таблои Фурудгоҳи “Домодедово” ҳам нишон медиҳад, ки парвоз ба шаҳри Кӯлоб ба таъхир афтодааст. Ширкати “Урал” дар ин бора шарҳ надодааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь