Намояндагони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар бораи таъсиси як долони сеҷонибаи нақлиёти автомобилӣ ба мувофиқа расиданд. Тибқи иттилои хабаргузории давлатии IRNA, протоколи дахлдор дар ҷаласае дар шаҳри Машҳади Эрон имзо шуд.
Дар музокирот Ризо Акбарӣ, раиси Созмони роҳҳо ва нақлиёти Эрон, ҳайати Афғонистон бо роҳбарии Ярмуҳаммад Рамазон ва ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо имкониятҳо, монеаҳо ва роҳҳои рушди нақлиёти боркашонӣ байни се кишварро баррасӣ карданд. Дар ҳуҷҷате, ки онҳо имзо кардаанд, механизмҳои асосии оғози долони роҳи Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон муайян шудаанд.
Ба гуфтаи Вазорати ҳамлу нақли ҳавоии Афғонистон, ин созишнома интиқоли борҳои тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистонро тавассути Афғонистон имкон медиҳад.
Вазорат қайд мекунад, ки ин мулоқот барои рушди ҳамкориҳои транзитӣ ва тақвияти робитаҳои нақлиётӣ байни се кишвар равона шудааст.



