Раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистон бо масъулони Кумитаи миллии олимпии Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд
Дар ин мулоқот Маҳмудхусрави Вафоӣ, раиси кумитаи миллии олимпии Эрон гуфт, бар асоси тафоҳумномае, ки байни ду Кумита имзо шуд умедворем дар бахшҳои академия, пизишкии варзишӣ ва федерасиюнҳо низ ҳамкорӣ ва табодул таҷрибиёт дошта бошем .
Вай бахусус қайд кард, ки баъд аз ҳуҷуме, ки ба Эрон аз ҷониби Исроил сурат гирифт Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки зимни маҳкумияти он бо миллату давлати Эрони эълом ҳамбастагӣ кард: “Ин амр худ баёнгар он аст, ки муносиботу таъомулот байни ду кишвари фаротар аз масоили таърихӣ ва фарҳангӣ аст, ки бисёр барои мо арзишманд буд”, – таъкид кард мақомдори эронӣ.
Дар идома Меҳдӣ Алӣ Нажодӣ дабири кулли Кумита таъкид кард, ки ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон дар бисёре аз заминаҳо метавонанд муносиботи варзишии хубе дошта бошанд.

Дидори Гулаҳмадзода бо Маҳмудхусрави Вафоӣ
Блоки рекламавӣ


