Даври аввали гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико дар Швейтсария рӯзи якшанбе, 21 июн ба поён расид. Ҳанӯз маълум нест, ки даври дувум кай баргузор мешавад.
Шаш нуктаи калидӣ аз баёнияи муштараки Қатар ва Покистон дар мавриди даври нахусти музокироти Эрон ва Амрико дар Швейтсария:
1.Созиш бар сари нақшаи роҳи шастрӯза.
Ду тараф аз тариқи ташкили як Кумитаи олии музокирот, бар сари як нақшаи роҳ барои даст ёфтан ба созиши ниҳоӣ давоми 60 рӯз, ба тавофуқ расиданд. Ҳамчунин қарор шуд, ки гуфтугӯҳои фаннӣ аз ҳамин ҳафта дар Швейтсария дар бораи ҳамаи мавзӯъҳо идома ёбад.
2.Ташкили гурӯҳи кории коҳиши таниш дар Лубнон
Эрон ва Амрико бо ташкили як “Гурӯҳи кории коҳиши таниш” бо иштироки ҳукумати Лубнон ва бо миёнҷигарии Қатар ва Покистон мувофиқат карданд, то бар иҷрои таваққуфи амалиёти низомӣ дар Лубнон назорат кунад. Аббос Ароқчӣ инро “нахустин озмуни воқеӣ”-и созиш хонд.
3.Эҷоди хатти иртиботӣ дар бораи тангаи Ҳурмуз
Теҳрон ва Вашингтон як “хати робита” барои пешгирӣ аз рӯйдодҳо ва нофаҳмиҳо ва замонати убури амни киштиҳои тиҷоратӣ аз тангаи Ҳурмуз таъсис додаанд.
4.Ишораи Ароқчӣ ба озодсозии бахше аз дороиҳо
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки содироти нафт ва дигар маҳсулоти петрокимиёвии Эрон аз маҳдудиятҳо озод, муҳосира поён ёфта, бахше аз дороиҳои бандмонда озод шуда, як барномаи калони озодсозӣ ва тавсеа барои Эрон оғоз шудааст.
5.Нақши меҳварии Қатар ва Покистон
Қатар ва Покистон, ки миёнҷии музокирот ҳастанд, эълон карданд, ки ба талошҳои худ барои пешбурди гуфтугӯҳо то даст ёфтан ба созиши ниҳоӣ, идома хоҳанд дод. Ароқчӣ ҳам аз “миёнҷигарии хастанопазир”-и ин ду кишвар қадрдонӣ кард.
6. Арзёби мусбат аз музокирот
Аббос Ароқчӣ аз “пешрафтҳои калон” дар даври аввали музокирот сухан гуфт. Баёнияи муштарак низ фазои музокиротро “мусбат ва созанда” хондааст.
Раҳбарони Амрикову Эрон пас аз музокироти дарозу печидае рӯзи 18-уми июн ба эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни ду кишвар имзо гузоштанд, ки хатми тамоми даргириҳоро дар Халиҷи Форс дар назар дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь