Шаби 22-юми июл рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Саиди Ҳайдар дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Саиди Ҳайдар аз ҷумлаи журналистони тоҷик буд, ки бо ҷасорат ва ҳисси баланди масъулият мавзуъҳои доғи рӯзро матраҳ намуда, дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас мегузошт. Навиштаҳои ӯ бо таҳлили амиқ, далелнокӣ ва мавқеи устувори касбӣ миёни хонандагон маҳбубият дошт.
Марҳум солҳои тӯлонӣ дар матбуоти кишвар фаъолият карда, бо қалами бурро ва андешаи созандаи худ дар рушди журналистикаи тоҷик ва таҳкими фазои иттилоотии кишвар саҳми арзанда гузошт. Ӯ ҳамчун журналисти соҳибтаҷриба, ҳамкори меҳрубон ва инсони хоксору хушахлоқ дар байни аҳли қалам обрӯ ва эҳтироми хос дошт.
Маросими видоъ бо марҳум имрӯз, 23 июл, соати 13:00, дар деҳаи Дарёобод, ҷамоати Чимтеппа, ноҳияи Фирдавсӣ баргузор мегардад.
Кормандони «Фараҳ» аз даргузашти собиқ ҳамкори худ Саиди Ҳайдар андуҳгин буда, ба пайвандону наздикон, дӯстону ҳамкорони марҳум таслият мегӯянд. Аз даргоҳи Худованди мутаол барои марҳум мағфирату раҳмат ва барои бозмондагон сабри ҷамилу аҷри азим орзумандем.



