Дар шаш моҳи аввали соли 2026 нисбат ба 27 шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон иқомат доштанд, барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ва машғул шудан ба савдои кӯчагӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Исфандиёр Хайридинзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи чорабиниҳои назорати давлатии муҳоҷират дар ин давра 27 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардида, аз ҳисоби татбиқи ҷазоҳои маъмурӣ ба буҷети давлатӣ 42 ҳазору 120 сомонӣ ворид шудааст.
Ба таъкиди Хайридинзода, шаҳрвандони хориҷии ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда асосан шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Молдова ва Ӯзбекистон мебошанд. Онҳо барои машғул шудан ба савдои кӯчагӣ ва риоя накардани талаботи қоидаҳои буду бош ҷарима шудаанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 40 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият доранд. Дар ин корхонаҳо 781 шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолият машғул буда, ҳамзамон беш аз 7,5 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.



