“Дар ҷараёни амалиёти Амрико дар Венесуэла 32 шаҳрванди Куба кушта шуданд”. – дар ин бора дар изҳороти ҳукумати Куба гуфта шудааст, ки хабаргузории Reuters иқтибос овардааст.
Ҳалокшудагон хизматчиёни ҳарбии хадамоти мусаллаҳ ва разведкаи Куба буданд. Дар ин хабар тафсилоти марги онҳо оварда нашудааст.
Куба рӯзи 5 ва 6 январ ба хотири кушташудагон мотам эълон кард. “Ҳамватанони мо, ки ба вазифаҳои худ оид ба таъмини амният ва мудофиа содиқ буданд, вазифаи худро бо шаъну шараф ва қаҳрамонӣ иҷро карданд ва пас аз муқовимати шадид дар муборизаи мустақим бар зидди ҳамлагарон ё дар натиҷаи бомбаборони иншоот суқут карданд” – гуфта мешавад дар изҳорот.
Президенти Куба Мигел Диас-Канел, менависад Bbc News, изҳор дошт, ки низомиёни Куба бо дархости Венесуэла аз Президент Николас Мадуро ва ҳамсараш ҳимоя мекарданд.
Тибқи иттилои The New York Times, дар натиҷаи амалиёти ИМА дар Венесуэла ҳадди аққал 80 нафар, аз ҷумла низомиён ва сокинони осоишта кушта шуданд.

Дар ҳамлаи ИМА ба Венесуэла 32 шаҳрванди Куба кушта шудаанд
Блоки рекламавӣ


