20 июн соати 18-00 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷакент баргузор мешавад.
Дар ин рӯз кишоварзону ҳунармандони шаҳр маҳсули дасти худро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд. Санъаткорон соати 20 – 00 бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ дар бинои “Амфитеатр” – и пойтахт ба ин чорабинӣ фазои идона мебахшанд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида истодаанд.
Блоки рекламавӣ



