Дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара майдони бозии кӯдакон ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани майдони бозии кӯдакон самараи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои истироҳату фароғати кӯдакон ва рушди ҷисмонии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Майдони нави бозии кӯдакон аз ҷумлаи иншооте мебошад, ки барои фароғати наврасон ва тақвияти тарзи ҳаёти солим хизмат намуда, боз як қадами муҳим дар роҳи ободонӣ ва рушди иҷтимоии деҳаи Себистон ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь