Дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ се чароғаки раҳнамо мавҷуд буда, онҳо моҳҳо боз фаъолият намекунанд. Беҳаракатии чароғакҳои роҳнамо боиси нигаронии ронандагону пиёдагардон гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар баъзе қитъаҳо мушкил кардааст.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд зимни нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки чароғакҳои раҳнамо воқеан фаъолият надоранд.
Ба гуфтаи ӯ, масъулони ноҳия барои бартараф намудани ин мушкил чораандешӣ карда, нақша доранд, ки чароғакҳои роҳнаморо таъмир ва дубора фаъол намоянд.
«Мо нақша дорем, ки ин камбудиҳоро ислоҳ карда, чароғакҳои раҳнаморо таъмир намоем ва ҳаракати мунтазами нақлиётро таъмин созем», – гуфт раиси ноҳия.
Ронандагону сокинон низ умед доранд, ки масъулони ноҳия ҳарчи зудтар ин мушкилро бартараф намуда, чароғакҳои раҳнаморо фаъол мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, фаъолияти дурусти чароғакҳо барои ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт, таъмини амнияти пиёдагардон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт муҳим мебошад.



