Муҳаммад Бобозода, раиси собиқи Идораи замин дар Исфара, ба чордаҳ соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи вилояти Суғд ӯро ба суистифода аз мансаб, гирифтани ришва, сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ додани замин гунаҳкор кардааст.
Ҳукми Муҳаммад Бобозода рӯзи 8-уми июн содир шуд. Вай моҳи декабри соли 2025 дастгир шуда, то эълони ҳукм дар боздоштгоҳ буд.
Додгоҳ дар доираи парвандаи ӯ Мурод Ашӯров ва Лайлӣ Валиева, мутахассисони Корхонаи сабти молу мулк дар Исфараро низ аз панҷуним то шашуним сол ҳабс кард.
Онҳо ба шарикӣ дар ҷиноят, бо тамаъҷӯӣ гирифтани мукофот, сохтакорӣ, ғайриқонунӣ додани замин ва беамалӣ дар иҷрои вазифа муттаҳам шудаанд.
Муҳаммад Бобозода ва ду зердасташ аз рӯйи ҳукми Додраси вилояти Суғд ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд.
Блоки рекламавӣ



