Хадамоти марзбонии Амрико зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кард.
Ин ниҳод 25-уми июн дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ин зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад, 10-уми июн зимни амалиёте дар минтақаи Фолбруки аёлати Калифорния дастгир шуд.
Дар хабари расмӣ омадааст, ин ҷавон соли 2022 тариқи барномаи CBP One аз Мексика вориди Амрико шуда, аммо ҳуҷҷатҳои қонунии будубошро надошт.
Идораи марзбонии ИМА гуфтааст, ин зодаи Тоҷикистон ба додгоҳи муҳоҷират ҳозир нашуд ва барои ҳамин 2-юми майи соли 2025 ғоибона қарори ихроҷаш содир шуд.
Де Ла Торре, сардори Хадамоти марзбонии бахши Сан-Диего дар шарҳи ин хабар гуфтааст, боздошти шахсоне, ки қонунҳои муҳоҷирати Амрикоро вайрон мекунанд, идома дорад.
Блоки рекламавӣ



