Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо лоиҳаи азнавсозии даромадгоҳи ноҳия шинос шуда, бо масъулин ҷиҳати татбиқи босифату саривақтии он мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои азнавсозии даромадгоҳи ноҳия бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст амалӣ гардида, дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд.

Тибқи лоиҳа, даромадгоҳи ноҳия бо тарҳи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ таҷдиду навсозӣ гардида, намуди зоҳирии он ба талаботи шаҳрсозии имрӯз мутобиқ карда мешавад. Ҳамзамон, дар ҳудуди ин мавзеъ корҳои кабудизоркунӣ, гулкорӣ, насби чароғҳои равшанидиҳанда, ободонии канори роҳ ва дигар корҳои инфрасохторӣ низ пешбинӣ шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки даромадгоҳи ҳар як шаҳру ноҳия симои он маҳсуб ёфта, бояд бо тарҳи зебо, сатҳи баланди иҷрои корҳои сохтмонӣ ва истифодаи унсурҳои миллӣ фарҳангу тамаддуни тоҷиконро муаррифӣ намояд.

Ҳамчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки зимни иҷрои корҳои азнавсозӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъморӣ, муҳлати иҷрои лоиҳа ва истифодаи масолеҳи босифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь