Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ва ҳаққи иқомати ин кишвар 12 баробар зиёд мешавад.
Меъёри боҷи гумрукӣ барои дарёфти шиносномаи Русия аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл зиёд мегардад.
Барои ҳуҷҷатгузории ҳаққи иқомат дар Русия акнун аз шаҳрвандони хориҷӣ 15 ҳазор рубл мегиранд. То ин вақт ин маблағ камтар аз 2 ҳазор рубл буд. Ҳаҷми боҷ барои дарёфти ҳаққи иқомат низ аз 6 ба 30 ҳазор рубл зиёд мешавад.
Аз корфармо барои ҷалби ҳар коргари хориҷӣ то 15 ҳазор рубл боҷ мегиранд.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, ҳадаф аз ин кор беҳтар кардани сиёсати муҳоҷиратӣ аст.
Дар солҳои ахир мақомоти Русия ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ барои муҳоҷирон, аз ҷумла нархи патент ё иҷозатномаи корро чанд маротиба зиёд карда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь